Документы

Радикализм роҳ ба сўйи экстремизм ва терроризм 

Дар воқеъ, рўйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷљуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошўравӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар  адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанўз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва  канорагирӣ карданро дорад.

Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рў, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва сайъ мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусо­мониҳо, тақвият додани бўҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаҳои навоварона амалӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, радикализм падидаи иҷтимоӣ ва сиёсие ба шумор меравад, ки вазифаи он дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд, зуҳуроти радикализм меафзояд. Ба қидаи ҷомеашиносон, радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад.

Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад.

Ифротгароӣ аз рўи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рўи зуҳурот  ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиё­нагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

Ифротгароии ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғ.) мавҷуд аст. Қайд намудан ба маврид аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Исти­ло­ҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъно­яш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат афкандан аст. Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рўи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунад:

инфиҷор намудани фурудгоҳо, ҷойҳои серодам;

– барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;

– ба роҳи зўрӣ гаравгонон гирифтани одамон;

– дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта ва ғайра.

Ҳангоми ба амал баровардани ин амалиётҳо шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон қисман розӣ шаванд. Намунаи он фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 аст, ки аз тарафи террористон ҳавопаймоҳои рабудашуда ба биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк, бинои Пентагон дар Вашингтон ва ҳамчунин инфиҷори ҳаво­пай­мои сеюм дар Иёлоти Пенсилванияи Амрико равона гардид. Бар асари ин амали фоҷиабор тақрибан 3000 нафар ба ҳалокат расиданд. Шаклҳои муосири чунин инфиҷорҳо чанде пеш дар Шоҳигарии Белгия ва Туркия ба амал омаданд, ки боиси талафоти ҷонии зиёд гардиданд.

Асосан рабудан ва ба гаравгон гирифтани одамон аз ҷониби ҷараёнҳои террористӣ ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақида ва пешниҳодҳои онҳо розӣ нашаванд, хатари ба қатл расонидани гаравгон воқеият пайдо мекунад. Хатари  ин намуди амали террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.

Намуди дигари амали террористӣ

Таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ мебошад.

Дар ин амалиёти террористӣ аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб карда мешавад, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани хоҳиши худ онҳо ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин намуди амали терро­рис­тиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.

Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар қаламрави худ ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд.

Инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ ҳамчун нерўи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократӣ эътироф мешаванд ва ҳатто баъзе давлатҳо онҳоро ба расмият мешиносанд. Дар асл онҳо дар ҳудуди давлатҳои бегона бо роҳи амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдории миллату Ватани худ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз кадом қудратҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ кумак мерасонанд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки пуштибонии қудратҳоро ба эътибор гирифта, террористон ва экстремис­тон барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба таркишу куштор мезананд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстримзм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷањонї масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.1b05e9f50224a86cd021617e677c3b17

13 мая день рождения Президента МОО "Правозащитный центр таджикистанцев" Шарипова Исроила Кудратовича! Поздравляем Вас от всей души. Пусть этот праздник принесёт Вам хорошее настроение и удачу. Пусть на Вашем пути встречаются только хорошие и надёжные люди. Пусть Вас ценят, уважают и любят. Живите, как возможно дольше и приносите ещё много пользы нашему предприятию. Ведь мы знаем, что работа для Вас всё, это Ваш второй дом. Всех благ Вам, достатка, семейного благополучия и уюта. Пусть ангелы оберегают Вашу жизнь от неприятностей. Терпения, выдержки Вам и большой силы воли.

sharipov

25 мая 2013г. состоялось празднование пятилетия Межрегиональной общественной организации «Правозащитный центр таджикистанцев». Мероприятие проводилось в г. Бердске в спорткомплексе ЗАО «Кристалл».

Поздравить организацию приехали представители Администрации Губернатора Новосибирской области, поздравление было зачитано от председателя Совета депутатов г. Новосибирска -  Болтенко Н.Н., от начальника департамента энергетики, жилищного и коммунального хозяйства города Новосибирска – Ким Е.С.

Со стороны Республики Таджикистан по поручению начальника Миграционной службы при правительстве Республики Таджикистан Девонаева С.А. приехали с поздравлениями представитель Миграционной службы при правительстве Республики Таджикистан в Российской Федерации – Одинаев А.Т. и начальник отдела Миграционной службы при правительстве Республики Таджикистан – Ниматов Х.Р. Они зачитали поздравления и вручили памятные подарки Президенту Межрегиональной общественной организации «Правозащитный центр таджикистанцев»  Шарипову Исроилу Кудратовичу. Также было зачитано поздравление от Генерального Консула Республики Таджикистан в г. Екатеринбурги Российской Федерации - Асоева П.Х., от Чрезвычайного и Полномочного посла Республики Таджикистан в Российской Федерации Достиева А.С.

Гостей праздника приветствовали творческие коллективы г. Новосибирска, г. Бердска, г. Новокузнецка, прозвучали песни русских и таджикских композиторов, были исполнены на высоком профессиональном уровне танцевальные композиции.

Кульминационным моментом праздника стал международный турнир по национальной борьбе «гуштингири», в котором приняли участие борцы из различных регионов Российской Федерации, Таджикистана, Узбекистана, Киргизии, Азербайджана.

Главный приз турнира – автомобиль.

Борьба проводилась в трех весовых категориях. Схватки на ковре были упорными и бескомпромиссными. Победителя выявить не удалось, поэтому судейской коллегией было принято решение разделить стоимость главного приза между участниками финальной схватки. Победила дружба и братство!!!